Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Меркел аз Исроил идома дорад


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дидораш аз Исроилро оғоз кард. Қарор аст, хонум Меркел рӯзи сешанбе дар Кнессет, парлумони Исроил суханронӣ кунад. Ӯ нахустин садри аъзоми Олмон аст, ки дар Кнессет сухан хоҳад ронд.

Ангела Меркел дар маросими пазироияш дар Тел-Авив “масъулияти хос”-и кишвараш дар пеши Исроилро эътироф кард ва гуфт, ба хотири сулҳи Ховари Миёна талош хоҳад варзид.

Дар замони Ҳолокост миллионҳо нафар яҳудиён қатли ом шуда буданд. Сафари серӯзаи Ангела Меркел дар чаҳорчӯби барномаҳои таҷлил аз солгарди 60-уми таъсиси давлати Исроил сурат мегирад
XS
SM
MD
LG