Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Эрон муҳофизакорон баранда шудаанд


Натоиҷи шумориши оро ҳокист, ки дар интихоботи парлумонии рӯзи ҷумъа, 14 март, дар Эрон муҳофизакорон пирӯз шудаанд. Аммо муҳофизакорони эронӣ ба тарафдорон ва мунаққидони раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод тақсим мешаванд.
Ислоҳталабон, тавре ба назар мерасад, дар парлумони ҷадид теъдоди назар ба парлумони кунунӣ як каме бештари курсиҳо, яъне тақрибан шашяки курсиҳоро соҳиб шудаанд.

Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ширкати 60 дарсади мардуми воҷиди шароити раъй дар интихоботи рӯзи ҷумъаро баёнгари ваҳдати мардум дар айни таниши Эрон бо Ғарб номидааст.

Вале Иттиҳодияи Аврупо ба далели аз ширкат дар ин маърака радд шудани бисёре аз номзадҳои ислоҳталаб гуфтааст, интихоботи Эрон "на озод буд ва на одилона".

XS
SM
MD
LG