Пайвандҳои дастрасӣ

Далай Лама таҳқиқи ҳаводиси Тибетро талаб кард


Рӯзи якшанбе пешвои рӯҳонии тибетиҳои олам Далай Лама даъват кард, ки аксуламали шадиди мақомоти Чин ба эътирозҳои мардуми Тибет мавриди таҳқиқи байналмилалӣ қарор гирад. Ӯ гуфт:
"Марҳамат худатон тафтиш кунед. Агар мумкин бошад, ягон созмони муътабари байналмилалӣ ба тафсил таҳқиқ кунад, ки аввалан, шароит дар Тибет чӣ гуна аст, сабаби зӯроварӣ чӣ буд, оё нерӯҳои хориҷӣ ва аз ҷумла ман дар он нақше доштем ва ҳамчунон сабаби нооромиву шурӯи хушунат чӣ буд?"
Нооромии Тибет бори дигар бозиҳои олимпии Пекинро ба хотир овардааст. Баъди ду ҳафта машъали олимпӣ бояд аз Тибет убур кунад. Нигарониҳо зиёданд, ки таъқиби тибетиҳо масъалаи бойкоти бозиҳои олимпиро дар миён мегузорад.
Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Лҳаса тибетиҳо биноҳоро ба коми оташ кашида, сокинони чиниро сангсор карданд. Ин ҳодиса шадидтарин рӯёрӯии тибетиҳо бар зидди ҳукумати Чин дар бист соли ахир арзёбӣ мешавад. Рӯзи якшанбе шаҳри Лҳаса: пойтахти Тибет ором буд. Кишварҳои ғарбӣ аз ҳаводиси Тибет нигарон шудаанд. ИМА аз мақомоти Чин даъват кард, ки аз таҳаммул кор гирад.
Тибет то соли 1950 замони ишғол аз тарафи коммунистони Чин соҳибистиқлол буд. Даҳуми март тибетиҳо ба ёди ошӯби соли 1959 ҷамъ шуда буданд, вале рӯзи ҷумъа ин ҷамъомад бо хушунат анҷом пазируфт.
Ҳукумати дар ҳиҷрат қарор доштаи Тибет мегӯяд, дар бархӯрдҳои ахир миёни мақомоти Чин ва эътирозгарони тибетӣ 80 нафар ба ҳалокат расиданд.
Аммо мақомоти Чин мегӯянд, ки дар бархӯрдҳо 10 кас ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG