Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотилони рӯзноманигорро ёфтанд, фармоишгар кист?


Рӯзи шанбе додгоҳи Украина се афсари собиқи полисро бо ҷурми куштори рӯзноманигор Ҳеорҳий Гонгадзе ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард. Яке аз афсарони собиқ 13 сол ва ду нафари боқимонда 12 солиро дар зиндон сипарӣ хоҳанд кард.
Ҷасади бесари Гонгадзе моҳи ноябри соли 2000-ум дар як ҷангал берун аз шаҳри Киев ёфт шуда буд. Баъди ҳашт соли ҷустуҷӯ ҳам фармоишгарони ин куштор ёфт нашудаанд.
XS
SM
MD
LG