Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тибет 80 кас кушта шуданд?


Ҳукумати дар ҳиҷрат қарордоштаи Тибет мегӯяд, дар бархӯрдҳои ахир миёни мақомоти Чин ва эътирозгарони тибетӣ 80 нафар ба ҳалокат расиданд.
Тҳубтен Сампҳел сухангӯи сухангӯи ҳукумати муҳоҷири Тибет аз қароргоҳаш воқеъ дар Ҳиндустон афзуд, ки дар бархӯрдҳо ҳамчунин 72 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Чин изҳор намудааст, ки рӯзи ҷумъа тибетиҳо биноҳоро ба коми оташ кашида, сокинони чиниро сангсор карданд. Ин манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷаи шадидтарин рӯёрӯии тибетиҳо бар зидди ҳукумати Чин дар бист соли ахир даҳ кас кушта шуданд. Рӯзи якшанбе шаҳри Лҳаса: пойтахти Тибет ором буд.Кишварҳои ғарбӣ аз ҳаводиси Тибет нигарон шудаанд. ИМА аз мақомоти Чин даъват кард, ки аз таҳаммул кор гирад.
XS
SM
MD
LG