Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарвазири Туркия додситони мухолифро танқид кард


Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон иқдомҳои додситони воломақоми ин кишварро, ки дархости бастани ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиётро дар миён гузоштааст, мавриди интиқод қарор дод.
Эрдуғон мегӯяд, айбномаи додситон, ки ҳизбро бо чорабиниҳои зиддидунявӣ муттаҳам мекунад, ҳамла ба иродаи мардум аст. Сарвазири Тукрия хотирнишон кард, ки дар интихоботи ахири парламентӣ ҳизби Адолат ва тараққиётро шонздаҳу ним миллион нафар дастгирӣ кардаанд.
Рӯзи ҷумъа раиси идораи додситонии додгоҳи истиънофӣ ё худ аппелятсионии Туркия Абдураҳмон Ялчинкая айбномаеро интишор намуда, дар он ҳукумати Эрудғонро бо иқдомҳои мухолифи давлатдории дунявӣ муттаҳам кард. Аз ҷумла ӯ иҷозати ҳиҷобпӯшии занон дар донишгоҳҳоро ёдовар шудааст. Бар иловаи бастани ҳизби ҳоким Ялчинкая пешниҳод кардааст, ки сарвазир Эрдуғон ва президенти Туркия Абдуллоҳ Гул ба муддати панҷ сол аз сиёсат барканор гарданд.
XS
SM
MD
LG