Пайвандҳои дастрасӣ

Норизоияти Боку аз Фаронса, Русия ва ИМА


Муовини вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ораз Азимов ҳушдор додааст, ки Боку равобиташ бо Фаронса, Русия ва ИМА-ро бознигарӣ хоҳад кард. Се кишвар ҳангоми овоздиҳӣ дар СММ муқобили иқдоми ин созмон дар мавриди Қарабоғи Кӯҳӣ овоз доданд.

Рӯзи ҷумъа Маҷмаи кулли СММ як қатъномаи ғайри иҷборӣ ба тасвиб расонда, беруншавии фаврӣ ва бидуни шарти нерӯҳои Арманистон аз хоки Озарбойҷонро дар миён гузошт. 39 кишвар ба тарафдорӣ аз қатънома овоз доданд. Беш аз 100 кишвар дар овоздиҳӣ иштирок накарданд. Вале ҳафт кишвар ва аз ҷумла Русия, ИМА ва Фаронса бар зидди қатъномаи Қарабоғи кӯҳӣ овоз додаанд. Дар паи ҷангҳои шадиди замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯҳои арманӣ назорати Қарабоғӣ кӯҳиро ба даст дароварданд.
XS
SM
MD
LG