Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба эътирозгарони тибетӣ дастури таслим додааст


Мақомоти Чин мегӯянд, агар афроди шарик дар хушунатҳои пойтахти Тибет: шаҳри Лҳаса, худро то нимашаби душанбе ба мақомот таслим намоянд, муомила бо онҳо нарм хоҳад буд. Хабаргузории Синҳуа аз нақли мансабдорони тибетӣ навиштааст, ки эътирозгарон мактабҳо, шифохонаҳо, дуконҳо ва хонаҳоро оташ зада, даҳ шахси бегуноҳро ба қатл расонданд.
Эълони таъқиби эътирози тибетиҳо аз тарафи нерӯҳои амниятӣ замоне пахш шуд, ки телевизиони Чин барои аввалин бор саҳнаи оташ задани биноҳоро намоиш дод.
Дар ҳамин ҳол ба истилоҳ "ҳукумати муҳоҷири Тибет" аз СММ даъват кардааст, ки рӯйдодҳои ахири Тибетро мавриди таҳқиқ қарор диҳад. Раҳбарони муҳоҷири тибетиҳо дар Ҳиндустон изҳороте пахш намуда, иброз доштаанд, ки бар пояи гузоришҳои то ҳанӯз тасдиқ нашуда дар нооромиҳои Тибет то 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG