Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситони кулли Туркия аз додгоҳи конститутсионии ин кишвар дархост кардааст, то фаъолияти ҳизби ҳоким дар ин кишвар манъ карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир, аъзои ҳизби исломхоҳи Адолат ва Тараққиёт дар бештарини курсиҳои порлумон, дар курсиҳои раёсатҷумҳурӣ ва нахуствазирӣ нишастаанд.

Додситони кулли Туркия ҳамчунин дархост кардааст, то аъзои ҳизби фавқуззикр раисҷумҳур Абдулло Гул, нахуствазир Раҷаб Таййип Эрдуғон ва 69 узви маъруфи дигари ин ҳизб аз ҳаққи фаъолияти сиёсӣ барои панҷ сол маҳрум карда шаванд. Додситони кулл гуфтааст, фаъолияти ҳизби ҳоким дунявияти давлатро, ки аз бунёдгузори он Мустафо Камол Отатурк ба мерос мондааст ва дар сарқонуни кишвар омадааст, зери шубҳа мебарад.

Додситони кулл гуфтааст, қабл аз чунин тасмим фаъолияти ҳизби ҳокими Туркия тӯли ним сол омӯхта шудааст. Ва баҳонаи аслии муроҷиат ба додгоҳи конститутсионӣ ин тасмими ахири иҷозаи вуруди духтарони муҳаҷҷаба ба донишгоҳҳо будааст.

Дар ҳамин ҳол, дар бастагӣ ба ин қазия ҳизби Адолат ва Тараққиёт изтироран нишасте доир карданд, ва иқдоми ахири додситони куллро «ноадолатии бузург дар нисбати Туркия, демократияи кишвар, хоҳиши мардум, сулҳу субот ва обрӯи кишвар дар ҷаҳон» номиданд.

Додгоҳ дар муддати як моҳ бояд ба қароре ояд, ки даъвои додистони куллро барои баррасӣ бипазирад ва ё на.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG