Пайвандҳои дастрасӣ

Сербҳои Косово бинои додгоҳи СММ-ро гирифтанд


Тақрибан 200 нафар аз аҳолии серби шимоли Косово дар шаҳраки Митровитса додгоҳи СММ-ро ба тасарруфи худ дароварданд. Намояндагии СММ дар Косово ин амалро ба унвони ҳамлаи ғайриқобили қабул ба бинои додгоҳ маҳкум кард. Бинои додгоҳ чанд соъат қабл аз вуруди Яаап Де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли Паймони НАТО ба ин шаҳрак сурат гирифт. Бесим Ҳоттӣ-сухангуи пулиси Косово ба радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт:
"Тазоҳуркунандагон, ки аз ҷониби кормандони шифохонаи Митровитса ҳимоят мешуданд, дар шаш мошини ёрии таъҷилӣ дарвозаҳои вурудиро рахна карданд ва ба дохил рафтанд. Воҳидҳои вижаи пулис саъй карданд, анбуҳи тазоҳуркунандаро боздоранд, вале дар пешопеши онҳо занону духтарон ҳаракат мекарданд, дар ҳоле аз паси онҳо тазоҳуркунандагон бо сангу чизҳои тез ба пулис ҳамла мекарданд".
Ин тазоҳурот баъд аз як моҳи эълони истиқлоли Косово аз Сербистон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG