Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳузури нируҳои Конодо дар Афғонистон тамдид шуд


Порламони Конодо муҳлати истиқрори нируҳои худ дар Афғонистонро то соли 2011 тамдид кард. Низомиёни Конодо дар таркиби нируҳои паймони НАТО дар ҷануби Афғонистон мустақаранд. Ҳукумати муҳофизакори Конодо, ки дар ақалият қарор дорад, моҳи гузашта бо мухолифони озодихоҳ дар бораи тасвиби ин санад ба тавофуқ расид. Ин кор дар ҳоле анҷом мегирад, ки ҳукумат барои фаро хондани 2 ҳазору 500 нафар нируҳояш аз Афғонистон зери фишор қарор дорад, зеро дар Афғонистон 80 сарбоз ва як дипломати Конодо ба қатл расидаанд.
XS
SM
MD
LG