Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тибет мағозаҳо ва мошинҳоро ба оташ кашиданд


Дар Лосо-пойтахти Тибет тазоҳуркунандагон мағозаҳо ва мошинҳоро ба оташ кашиданд. Дар давоми тақрибан 20 соли ахир ин бузургтарин тазоҳуроти эътирозӣ ба шумор меравад. Бино ба гузориши "Синхуа"-хабаргузории расмии Чин, чанд нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Сафортаи Амрико дар Пекин аз қавли шаҳрвандонаш дар маҳали тазоҳурот дар бораи тирандозӣ хабар додааст. Шоҳидони айнӣ мегуянд, сокинони маҳаллӣ низ ба эътирози роҳибони буддоӣ пайвастаанд. Роҳибони буддоӣ дар оғози ҳафтаи ҷорӣ бар зидди ҳокимияти Чин дар Тибет даст ба тазоҳурот заданд. Бино ба гузориши радиои Осиёи Озод, ҳазорон нафар нируҳои амниятӣ ва пулис се дайр ё калисои бузурги буддоиҳоро ба муҳосира гирифтаанд. Бритониё аз Чин хостааст, ки ба чунин вазъ расидагӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG