Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафҳои Аврупо барои мубориза бо тағири иқлим


Интизор меравад, ки раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар идомаи мулоқоти худ дар Бруксел барои мубориза бо тағири иқлим барномаҳое ба тасвиб расонанд. Янез Янша-нахуствазири Словениё дар рузи аввал раёсати ин мулоқотро бар уҳда дорад. Вай изҳор дошт, ки ҳамаи 27 раҳбари кишварҳои Аврупоӣ дар бораи озод эълон кардани бозори энержии Аврупо дар моҳи июн ба тавофуқ расидаанд. Онҳо ҳамчунин барои мубориза бо гармоиши сайора ва гозҳои гулхонаӣ як силсила тадобир пешниҳод хоҳанд кард. Ҳадафи ин барномаҳои Иттиҳодияи Аврупо 20 дарсад коҳиши гозҳои гулхонаӣ то соли 2020 аст.
XS
SM
MD
LG