Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои олимпӣ ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик


Пекин - шаҳре, ки дар он Бозиҳои олимпии соли 2008 баргузор мешаванд
Пекин - шаҳре, ки дар он Бозиҳои олимпии соли 2008 баргузор мешаванд

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш», ки ба дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонии олимпӣ бахшида шудааст, тақдими шумо мегардад.

Таърихи пайдоиши Бозиҳои олимпӣ ба Юнони Қадим марбут аст. Вале Бозиҳои муосири олимпӣ беш аз як аср аст, ки доир мегарданд.
23-юми июни соли 1894 дар як кунгура дар Порис бо ташаббуси Пйер де Кубертен, арбоби ҷамъиятии Фаронса, Кумитаи байнулмилалии олимпӣ тасмим гирифт, ки Бозиҳои олимпӣ аз нав эҳё шаванд. Ва нахустин давраи Олимпиадаи муосир соли 1896 дар шаҳри Афина (Юнон) баргузор шуд. Баъди 108 сол (соли 2004) 28-умин давраи Бозиҳои олимпӣ дубора дар Юнон – ватани Олимпиада – баргузор гардид.
Ин иди варзишӣ яке аз муҳимтарин воқеъоти замони мо гаштааст. Бозиҳои олимпӣ чун қисми ҷудонашавандаи ҳаракати ҷаҳонии олимпӣ варзишгарону мухлисони тамоми оламро муттаҳид месозанд.
Варзишгарони Тоҷикистон тӯли 44 соли ширкати худ дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ 6 медал – 4 тило ва 2 биринҷӣ – ба даст овардаанд. Ва ин медалҳои олимпиро намояндагони Тоҷикистон дар ҳайъати дастаҳои мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ соҳиб шудаанд.
Нахуст, қаиқрон Юрий Лобанов соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен дар рақобатҳо дар каноэи дукаса ба масофаи 1000 метр бо шарики худ Владас Чесюнаси литовӣ соҳиби медали тило гаштааст. Сипас, соли 1976, камонвари машҳури тоҷик Зебуннисо Рустамова дар Олимпиадаи Монреал медали биринҷӣ ба даст овард. Баъдан намояндаи дигари Тоҷикистон Анатолий Старостин соли 1980 дар Олимпиадаи Маскав дар панҷҳарбаи муосир (асптозӣ, шиноварӣ, тирандозӣ, шамшербозӣ ва давидан ба масофаи 3 километр) ҳам дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҳам дар ҳайъати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ ду медали тило ба даст овард. Инчунин дар ин олимпиада Юрий Лобанов дар каноэи дукаса бо шарикаш Василий Юрченкои укроинӣ бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид. Ва, ниҳоят, медали шашум ва тилои олимпӣ ба варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев мутааллиқ гардид. Вай дар ҳайъати дастаи мунтахаби олимпии кишварҳои ИДМ соли 1992 дар Олимпиадаи Барселона дар гурзандозӣ ба унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ даст ёфтааст.
Дар айни ҳол Юрий Лобанов ва Анатолий Старостин дар Русия, Андрей Абдувалиев дар Узбакистон ва Зебуннисо Рустамова дар Тоҷикистон ба сар мебаранд.
29-умин давраи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ аз 8-ум то 24-уми августи соли 2008 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин – баргузор хоҳанд шуд.
То имрӯз 5 варзишгари Точикистон ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифтаанд. Дар барномаҳои қаблӣ мо ба шунавандагони маҷалла дар бораи чаҳор варзишгари тоҷик – гуштигирон Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов, муштзанҳо Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, ки ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифтаанд, – иттилоъ дода будем.


Шинос шавед: Дилшод Назаров
Дилшод Назаров
Гузориши навбатии мо ба рӯзгору дастовардҳои гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, ки барои дуввумин бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ намояндагӣ хоҳад кард, бахшида мешавад.
Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин гардидааст. Вай мегӯяд: «Ман моҳи феврали соли 2007 дар шаҳри Ялтаи Укроин барандаи мусобиқаи байнулмилалӣ гардида, ҳамчунин, соҳиби роҳхати олимпӣ шудам. Гурзро ба масофаи 77 метру 9 сантиметр ҳаво додам, ки ин аз рекорди пешин 3 метр зиёд аст. Баъдан тобистони соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҷои дувумро гирифтам ва натиҷаи нишондодаам – 75 метру 70 сантиметр – аз меъёри олимпӣ болост. Натиҷаи аз ҳама баландтаринро, ки 77 метру 63 сантиметр мебошад, соли 2006 дар як мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Алматии Қазоқистон нишон додаам. Ва, албатта, мехоҳам, ки дар Олимпиадаи Пекин гурзро ба масофаи беш аз 80 метр ҳаво дода, ба мисли гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев қуллаи баландтарини варзишро фатҳ намоям. Воқиъан, ман дар як мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 80 метру 26 сантиметр ҳаво дода будам, вале ин натиҷа ба таври расмӣ ба қайд гирифта нашудааст».
Ба гуфтаи Дилшод Назаров дар айни ҳол дар мусобиқоти ҷаҳонӣ бисёр варзишгарон гурзро ба масофаи 79 – 80 метр ҳаво медиҳанд, вале 10 – 15 сол пештар натиҷаи нишондодаи аксари онҳо беш аз 82-83 метр буд. Аз ин рӯ, ба бовари гурзандози маъруфи тоҷик, дар Олимпиадаи Пекин варзишгаре, ки ба натиҷаи ҳудуди 81 метр ноил мешавад, медали олимпӣ ба даст хоҳад овард. Ӯ афзуд: «Вале муддаъиёни ҷавоизи олимпӣ хеле зиёданд. Дар риштаҳои бокс ва гуштӣ рақибон ба воситаи қуръакашӣ муайян мешаванд. Яъне варзишгари пурқувват метавонад бо ҳарифи нисбатан заъиф рақобат кунад. Вале дар гурзандозӣ қуръакашӣ нест. Дар ин ришта ҳама – ҳам варзишгари зӯртарин ва ҳам варзишгари нисбатан заъиф – ба таври инфиродӣ дар як майдонча гурзандозӣ мекунанд. Ҳоло дар гурзандозӣ варзишгарони Беларус, Жопун, Маҷористон, Словакия ва, умуман, аврупоиҳо хеле пурқувватанд».
Лозим ба ёдоварист, ки қаҳрамони Бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ ва қаҳрамони дукаратаи Осиё Дилшод Назаров соли 2004 дар ҳайъати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Афина ширкат варзида буд. Сипас ӯ дар нахустин Бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ дар Арабистони Саъудӣ дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 98 сантиметр соҳиби мақоми аввал ва медали тило шудааст. Вай, инчунин, соли 2006 дар Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар бо натиҷаи 74 метру 43 сантиметр ба унвониқаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тило сарфароз гаштааст. Шурӯъ аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиёӣ ин аввалин нишони тилои варзишгарони тоҷик мебошад. Дилшод Назаров дар бастагӣ ба ин бозиҳо чунин иброз дошт: «Ман тамоми сол ба ин мусобиқот омодагӣ дида, пайваста тамрин мекардам. Бинобар ин ба пирӯзии худ дар бозиҳо бовар доштам. Вале медали тило ба осонӣ ба даст наомад. Сабқати мо дар шаҳри Доҳа зери борони сахт баргузор шуда, баъзе мушкилот пеш овард. То талоши панҷум ман дар ҷои севум будам ва танҳо пас аз панҷумин партофти гурз ба мақоми аввал баромада, то охири сабқат дигар пешсафиро аз даст надодам».
Дилшод Назаров моҳи феврали соли 2008 дар шаҳри Тошканд дар мусобиқаи бози қаҳрамонии Узбакистон дар риштаи гурзандозӣ медали тило ба даст овард. Ӯ дар дар ин мусобиқот бо натиҷаи 72 метру 72 сантиметр соҳиби мақоми аввал гардид.
Ин гурзандози тоҷик аз авоили соли 2007 ва то ҳоли ҳозир дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин тамрин карда, ба Олимпиадаи Пекин ҳамаҷониба омодагӣ мебинад. Ӯ мегӯяд: «Моҳи июн дар ду мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳрҳои Бишкек ва Алматӣ ва баъдан дар ду мусобиқаи интихобии олимпӣ дар шаҳри Киев ширкат меварзам. Ҳарчанд ки ман соҳиби роҳхати олимпӣ гардидаам, дар ин мусобиқот бо мақсади бори дигар санҷидани худ иштирок мекунам. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, инчунин, сарпарасти кулли дастаи мунтахаби олимпии мамлакат – Ширкати мобилии «Билайн» барои ширкати мо дар мусобиқоти мухталиф кумаки молӣ мекунанд. Ба ғайр аз ин, ман ҳамчун узви дастаи мунтахаби олимпии кишвар ҳар моҳ ба маблағи 600 доллари амрикоӣ стипендия мегирам».
Дар фарҷоми суҳбат аз Дилшод Назаров хоҳиш кардем, ки ба шунавандагони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи хонаводаи худ мухтасар иттилоъ бидиҳад. Дилшод чунин гуфт: «Ман оиладорам. Соҳиби ду фарзанд ҳастам. Писарам 5-сола ва духтарам 3-сола мебошанд. Ҳамсарам омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи шумораи 9-и шаҳри Душанбе мебошад. Аз фурсати муносиб истифода карда, ҳамаи шунавандагонро бо фарорасии Иди Наврӯз табрик менамоям. Мехоҳам бигӯям, ки онҳо ҳамеша ба варзишгарони Тоҷикистон мухлисӣ кунанд. Зеро дар кишвари мо бачаҳои боистеъдод хеле бисёранд ва давлат бояд ба варзиш таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд, то варзиш дар Тоҷикистон ба қуллаҳои баланд расад».
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG