Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ – барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев


Дастаи "Регар"-ТадАЗ
Дастаи "Регар"-ТадАЗ

Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев гардид.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (Душанбе) баргузор шуд, бар дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа бо натиҷаи 3:1 ғолиб омад. Дар ин дидор бозигари нави «Регар» ТадАЗ Жаилтон Оливейраи бразилӣ дар дақиқаи 42-юм ҳисобро боз кард. Ҳарчанд дар аввалҳои қисми дувуми бозӣ футболбози дастаи «Вахш» Иззат Исҳоқов ҳисобро баробар намуд, вале Иброҳим Рабимов («Регар» ТадАЗ) баъди дар дақиқаҳои 63-юм ва 70-ум ба самар расондани ду гол бозиро ба нафъи дастаи худ анҷом дод.
Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин муваффақият, қабл аз ҳама, бо кумаки сарпарасти кулли даста – корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, ки шароити заруриро барояшон муҳайё кардааст, муяссар шудааст.
Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои «Динамо» (Душанбе) ва «Румӣ» (ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) барои ҷои севум бо ҳам рақобат карданд. Замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт. Голҳоро Парвиз Ҷанҷолов (дақиқаи 74-ум), Абдуҳаким Боронов (112-вум), ҳарду аз дастаи «Румӣ», Самад Шоҳзуҳуров (85-ум) ва Фирдавс Ғафуров (118-ум), ҳарду аз тими «Динамо», ба ҳадаф расонданд. Дастаи «Румӣ» аз рӯи пенолти ё зарбаҳои 11-метра бо натиҷаи 4:2 (ҳисоби умумӣ - 6:2) ғолиб шуда, мақоми севумро касб кард.
XS
SM
MD
LG