Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО имрӯз ба Косово меравад


Дабири кулли паймони низомии НАТО Яап де Ҳуп Схеффер имрӯз аз Косово дидан мекунад.

Қарор аст, оқои Схеффер бо раҳбари Косово Фатмир Садию ва сарвазир Ҳошим Тоҷӣ мулоқот кунад.

Хабаргузории Франс Пресс навишт, қарор аст, дабири кулли НАТО ҳамчунин ба қисмати умдатан сербнишини Косово сафар кунад. Сербҳои Косово дар канори Сербистон истода, истиқлолияти Косоворо радд мекунанд.

Паймони низомии НАТО дар Косово тақрибан 17 000 сарбоз дорад.

XS
SM
MD
LG