Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти сегона дар Байтулмуқаддас


Генерали амрикоӣ Вилям Фрейзер, қарор аст, имрӯз дар Байтулмуқаддас нахустин мулоқоти сеҷониба бо исроилиҳову фаластиниҳоро ба манзури баҳси роҳҳои иҷрои тарҳи сулҳи Ховари Миёна, мавсум ба “Харитаи роҳ”, барпо кунад.

Аммо вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак дар ин мулоқоти сегона бо генерал Фрейзер ва сарвазири ташкилоти худгардони Фаластин Салом Файёд ширкат нахоҳад варзид. Қарори Эҳуд Барак барои ду ҷониби дигари ин мулоқот хабари ғайричашмдошт будааст.

Шореҳон мегӯянд, Исроил шояд ба далели амал накарданаш бар тааҳҳудоти худ ҷиҳати иҷрои тарҳи “Харитаи роҳ” ва ҳам қисман ба маҳзи қатъ накардани барномаи бунёди шаҳракҳо дар сарзаминҳои фаластинӣ мавриди танқиди ба таври ғайримуқаррарӣ шадиди Амрико қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG