Пайвандҳои дастрасӣ

Уфти нав ва боз ҳам бесобиқаи доллар


Қурби евро, воҳиди пули Иттиҳодияи Аврупо, дар муқобили доллари амрикоӣ боз ҳам ба таври бесобиқа боло рафта, акнун 1 евро муодили беш аз 1 доллару 56 сент шудааст.

Қурби як доллар ҳамин тавр, барои нахустин бор аз соли 1995, камтар аз 100 йени Ҷопон шуд. Ва ба дунболи уфти навбатии бесобиқаи доллар нархи бушкаи нафти хом дирӯз ба 111 доллар расида, нархи 1 унси тило ё худ тақрибан 31 грамми он бори аввал аз марзи 1000 доллар убур кард.

XS
SM
MD
LG