Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди раҳбарони ҷаҳони Ислом аз исломофобия


Раҳбарони ҷаҳони Ислом мавҷи фазояндаи исломофобия ё худ бадбинии Ислом дар Ғарбро ба боди интиқод кашида, ҷиҳати мубориза алайҳи ифротгароии исломӣ тааҳҳуд супурдаанд.

Аммо раҳбарони кишварҳои мусалмон дар анҷумани 11-уми Конфаронси кишварҳои исломӣ дар Дакар, пойтахти кишвари африқоии Сенегал, ба ин нукта ҳам таъкид кардаанд, ки ифротгароии исломӣ қисман аз иттиҳомоте беш нест.

Конфаронси кишварҳои исломӣ 57 кишвари мусалмонӣ дар қораҳои Осиёву Африқоро муттаҳид карда, бузургтарин иттиҳодияи кишварҳои мусалмон ба шумор меравад.

Дар анҷумани Дакар, ки имрӯз ба кори худ поён медиҳад, баҳси Ислом дар асри 21, бозбинии оинномаи конфаронси кишварҳои исломӣ ва мубориза алайҳи фақр дар қисматҳои мусалмоннишини дунё аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа будааст.

XS
SM
MD
LG