Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Русияву Украина дар масъалаи газ


Русия ва Украина билохира дар мавриди тиҷорати газ дар соли равон тавофуқ кардаанд.

Ширкати “Газпром”-и Русия мегӯяд, бар асоси қарордод бо ширкати “Нафтогаз”-и Украина, “Газпром” то поёни соли ҷорӣ ҳазор метри мукааби гази Осиёи Марказиро ба Украина бо қимати наздики 180 доллар хоҳад фурӯхт. Нархи гази худи Русия 315 доллар таъйин шудааст.

Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ширкатҳои миёнраве, ки фаъолияташон дар муомилаи газ байни Русияву Украина боиси эътирози шадиди Киев шудааст, аз ин ба баъд ҳам дар ин муомилот ҳузур хоҳанд дошт ё хайр.

XS
SM
MD
LG