Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум дар бораи қатли асқафи калисои Калдеон


Попи Рум Бенедикти 16 гуфт, хабари кашфи ҷасади асқафи аъзами калисои католикии равияи Калдеон дар шаҳри Мосули Ироқ ӯро сахт муттаассир ва ғамгин кардааст.

Асқафи аъзам Паулос Фараҷ Раҳо дар моҳи гузашта рабуда шуда, ҷасади ӯро дар канораи Мосул пайдо кардаанд. Рабояндагонаш ҷасади ӯро гӯр карда буданд.

Калисои Калдеон пайрави як равияи шарқиёнаи мазҳаби католикии дини масеҳӣ буда, аммо маъмурияти попи Румро эътироф мекард.
XS
SM
MD
LG