Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мурофиаи "Орима" дар Додгоҳи олии Тоҷикистон


Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Маъруф Орифов, сарвари ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳоллланд «M&P» шурӯъ кард. Вай дар сарпечӣ аз пардохти молиёт, таҳияи асноди тақаллубӣ ва додани ришва муттаҳам мешавад. Маъруф Орифов аммо ин иттиҳомотро сохта ва парвандаи бар зиддаш оғозшударо амали фармоишӣ меномад. Дар мурофиаи додгоҳӣ аз Маъруф Орифов се вакили дифоъ ҳимоят мекунанд. Маъруф Орифов дар таърихи 7-уми августи соли гузашта боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG