Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори омодагии Саркисиён барои баҳс бо Алиев


Раисиҷумҳури тозамунтахаби Арманистон Серж Саркисиён барои баҳси масъалаи вилояти ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ бо ҳамтои озариаш Илҳом Алиев омода ҳаст.

Вардан Осканиён, вазири хориҷаи Арманистон бо эълони ин хабар гуфт, кишварҳои миёнҷии музокироти низоъи Қаробоғ – Фаронса, Русия ва Амрико – ба чунин мулоқот даъват кардаанд.

Вай афзуд, нахустин имкон барои чунин мулоқот метавонад дар моҳи апрел дар ҳошияи нишасти паймони низомии НАТО дар Бухарест иттифоқ биуфтад.

XS
SM
MD
LG