Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабуктар шудани маҳдудияти матбуот дар Арманистон


Раисиҷумҳури Арманистон Роберт Кочариён бархе аз маҳдудиятҳои ҷоришуда дар роҳи фаъолияти матбуот дар пайи эълони вазъи фавқулоддаро лағв кардааст.

Вазъи фавқулоддаро Роберт Кочариён рӯзи 1 март дар пайи ошӯбҳое, ки дар пойтахт, шаҳри Ереван мунҷар ба ҳалокати 8 нафар шуд, эълон карда буд.

Дар шароити вазъи фавқулодда баргузории тазоҳуроти эътирозӣ манъ шуда, ва дар фаъолияти матбуот маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда буд. Аммо бар асоси хабари дафтари матбуоти президенти Арманистон, нашри шабномаҳои сиёсии бидуни муаллиф ва “ маълумоти ошкоро дурӯғ ва маълумоте, ки суботро барҳам бизанад”, ҳамчунон мамнӯъ барҷой мондааст.

Дар ҳамин ҳол, Амрико, бо изҳори нигаронӣ дар бораи вазъи Арманистон, ҳама тарафҳои зидахли бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишварро ба сӯи муколамаи сиёсӣ даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG