Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Сербистон пароканда хоҳад шуд


Борис Тадич санади парокандасозии порлумони Сербияро имзо мекунад
Борис Тадич санади парокандасозии порлумони Сербияро имзо мекунад

Борис Тадич, раисҷумҳури Сербистон дар бораи пароканда кардани порлумони кишвар ва таъйини интихоботи нави он тасмим гирифт.

Қарор аст, ки ин маъракаи сиёсӣ рӯзи 11-уми май доир шавад. Тасмим дар бораи баргузории интихоботи нави порлумонӣ пас аз шикасти эътилофи ҳукуматии таҳти сарварии нахуствазир Воислав Коштунитса гирифта шуд.
Баъди пазируфтани истиқлоли Косово аз сӯи бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ихтилофи назари аъзои ҳукумат дар мавриди чигунагии равобити минбаъда бо иттиҳодия жарфтар шуд ва вазиронро дар ду сӯи сангар қарор дод: гурӯҳе барои таҳкими равобит ва пайвастан бо Иттиҳодияи Аврупо пофишорӣ мекарданд, гурӯҳи мухолифи онҳо бошад мутаваққиф кардани музокирот ва қатъи равобит бо Иттиҳодияи Аврупоро тақозо дошт.
Ба гурӯҳи аввал намояндагони Ҳизби демократии раисҷумҳур Борис Тадич ва ҳизби либералии J17 Plus шомил буданд. Онҳо мутмаъинанд, ки Белград фақат тавассути равобити наздиктар бо Иттиҳодияи Аврупо тавони дифоъ аз манофеъи худ дар Косоворо хоҳад дошт. Ва аммо аҳзоби радикалӣ ва миллатгарои Сербистон Иттиҳодияи Аврупоро дар, ба истилоҳ, “хиёнат ба манофеъи Белград” муттаҳам мекарданд ва мегуфтанд, ки ҳамкорӣ бо ҷомиъаи аврупоӣ бояд фақат баъд аз лағви тасмим дар бораи эътирофи истиқлоли Косово аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳодия аз сар гирифта шавад.
Дар ҳамин ҳол, сарвазир Воислав Коштунитса иқрор кард, ки бо ин гуна ихтилоф ҳукумат тавони фаъолияти муътадилро аз даст раҳо кардааст. “Ин фарҷоми кори ҳукумат аст!” – изҳор кард Коштунитса ва дар бораи истеъфои порлумон тасмим гирифт.
Коршиносон акнун ҳадс мезананд, ки дар интихоботи порлумонии 11-уми май низ мубориза асосан миёни ин ду нерӯ – демократҳо ва миллатгароҳо – сурат мегирад. Онҳо мутмаъинанд, ки ин интихобот муҳимтарин маъракаи сиёсӣ аз замони суқути режими Слободан Милошевич дар соли 2000-ум хоҳад буд ва баъд аз он равшан хоҳад шуд, ки Сербистон ба кадом самт ҳаракат хоҳад кард.
Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоли ҳозир умедворанд, ки интихоботи порлумонии моҳи май бо пирӯзии аҳзоби сиёсии пуштибон аз наздикшавӣ бо Иттиҳодия анҷом меёбад. Ба гуфтаи Димитрий Рупел, вазири хориҷаи Словения, кишвари садри даврии Иттиҳодияи Аврупо, Сербистон ба ҷуз пайвастан бо ҷомиъаи аврупоӣ роҳ ё интихоби дигаре надорад. Ҳавиер Солана, масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо низ бо ин ақида мувофиқ аст: “Мо мехоҳем Сербистонро ба Иттиҳодияи Аврупо ҳарчи наздиктар бубинем. Ва умедворем, ки интихоботи қарибулвуқуъ ба ин мусоидат мекунад. Ва мо сӯи Сербистон даст дароз мекунем, то ки тавонад бо Иттиҳодияи Аврупо равобити ҳарчи амиқтар барқарор кунад.
Минтақаи Косово 17-уми феврал мустақилияти худ аз Сербистонро эълон кард. Истиқлоли Косоворо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва аксар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эътироф намуданд. Дар ҳамин ҳол, Белград ҳушдор додааст, ки равобит бо ҳама кишварҳои пуштибон аз истиқлоли Косоворо қатъ мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ҷуз Сербия боз Русия, Чин, Гурҷистон, Испания, Кипр, Руминия ва Словакия эълом доштанд, ки истиқлоли Косоворо эътироф нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG