Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози анҷумани Созмони Конфаронси Исломӣ


Ҳайати давлатии Тоҷикистон таҳти сарварии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар анҷумани кишварҳои Созмони Конфаронси Исломӣ ба Дакари Сенегол сафар кард. Нимаи аввали рӯз дар ин ҷо мулоқоти Раҳмон ва Дабири кулли Созмони Конфаронси Исломӣ Акмалиддин Эҳсоноглу барпо шуд. Сухангӯи созмон, Тидиан Тамба дар бораи шикарткунандагони дигари анҷуман ба радиои "Озодӣ" чунин гуфт: "Меҳмонони мо зиёданд, чунончи 25 президент ва шаш султон, аз ҷумла султони Бруней. Имрӯз нишасти муқаддамотӣ дорем ва ҳамаи кори асосӣ фардо ҷараён хоҳад гирифт." Бар изофаи баррасии масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии рӯз, қарор аст, дар ин анҷуман оинномаи нави Созмони Конфаронси Исломӣ ба тасвиб расад, ки гуфта мешавад, дар кори ин ниҳод дигаргуниҳои муҳимеро тарҳрезӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG