Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико оид ба ҳуқуқи башар ба масъалаи ҳаққи дастрасӣ ба Интернет ва истифода аз он низ таъкид шудааст.

Дар он, аз ҷумла, зикр шудааст, ки соли гузашта ислоҳоти Қонуни ҷиноӣ сурат гирифт ва тибқи он барои туҳмат ва таҳқир дар шабакаи Интернет то ду соли зиндон муҷозот пешбинӣ шудааст.
Дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико ба ислоҳоти қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки барои туҳмату таҳқир дар Интернет муҷозоти зиндон муқаррар гардидааст, ишора шуда, аммо ҳамзамон таъкид шудааст, ки то поёни соли 2007 ин банди қонун корбаст нашуда ва касе ҳам дар ин робита муҷозот нашудааст. Аммо коршиносон ва хабарнигорони тоҷик мегӯянд, ки дар ҳар сурат мавҷудияти ин банди қонун боиси фаъолияти муҳтоттари журналистон шудааст. Нуриддин Қаршиноев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, дар воқеъ ин банди қонун то кунун амал накарда, аммо боис шудааст, ки хабарнигорон бештар муҳофизакор шаванд.
Акбар Сатторов, раиси ИЖТ
Дар ҳамин ҳол, Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналстони Тоҷикистон, бар ақидаест, ки ислоҳи ин қонуни ҷиноӣ ҷои тарсидан надорад. Ба адешаи ӯ, ин як навъи ҳимояи худи журналистон аст ва боиси маҳдудияти озодии баён нашудааст. Ӯ меафзояд, вақт нишон хоҳад дод, ки кӣ ҳақ ба ҷониби кист - журанлистон ва ё қонунгузорон.
Ислоҳоти қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар моҳи августи соли гузашта сурат гирифт, ки тибқи он барои туҳмат ва таҳқир тавассути Интернет ду соли зиндон муҷозот пешбинӣ шудааст. Аммо созмонҳои журналистӣ ва ҳуқуқи башар мегӯянд, талош хоҳанд кард, ки мақомотро барои лағви дубораи ин банди қонун мутақоид кунанд. Ба андешаи онҳо қонунгузории кишвар бояд тавре ислоҳ шавад, ки ҳамаи баҳсҳои вобаста ба озодии баён ва матбуот танҳо бар асоси қонуни шаҳрвандӣ баррасӣ шавад, на ҷиноӣ.
Ба гуфтаи коршиносон, даст ёфтан ба ин ният дар шароити кунунии Тоҷикистон роҳи як амри мумкин аст.
Таҳлилагарон мегӯянд, фарҳанги истифода аз Интернет ба ҷасорати умумӣ ҷо науфтода ва ба далоили мухталиф Интернет камтар ба унвони манбаи ахбор истифода мешавад. Манбаъи аслии ахбор ҳамоно телевизон боқӣ мондааст. Масъулони созмонҳои журналистӣ ҳамоно ба сойтҳои фаъоли интернетии дохилӣ ишора мекунанд, ки низ аз озодии чандоне бархӯрдон нестанд ва масоилеро беш аз ҳад муҳтотона ба баррасӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG