Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои тоза дар Афғонистон


Таркиши як мошини бамгузоришуда ҳангоми бархӯрд бо зиреҳпӯши нерӯҳои амрикоӣ дар назди фурудгоҳи Кобул, шаш кушта ба ҷой гузошт, ки ҳамагӣ афроди ғайринизомӣ будаанд. Созмони Милал мегӯяд, шумораи инифҷорҳои худкушона дар Афғонистон дар як соли гузашта ба баландтарин нуқта расид ва 160 ададро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол волии вилояти Нимрузи Афғонистон, Ғулом Дастагири Озод иттилоъ додааст, ки дар ҷанги Толибон ва нерӯҳои байнулмилал дар ин ҷо 41 ситезаҷӯ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG