Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Сербия имрӯз мунҳал хоҳад шуд


Интизор меравад, имрӯз раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич парлумони ин кишварро мунҳал ва интихоботии пеш аз вақти парлумонӣ эълон кунад. Эътилофи ҳоким дар Сербия ба иллати ихтилофи назарҳо байни аъзои кобинаи вазирон дар мавриди бархӯрд ба истиқлолияти Косово аз ҳам фурӯ пошид.

Сарвазир Воислав Коштунитса ва муттаҳидини ӯ мехостанд, ки ҳукумат дар вокуниш ба эътирофи истиқлолияти Косово аз сӯи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо музокирот ҷиҳати пайвастани Белград ба ин созмонро қатъ кунад.

Аммо вазирони ғарбгарои Сербия аз ин пешниҳод пуштибонӣ накарданд.

Ба дунбол, сарвазир Коштунитса рӯзи 8 март эълон кард, ки кобинаи вазирон ба ин далел ба кори худ дигар идома дода наметавонад ва бояд дар Сербия интихоботи ҷадиди парлумонӣ эълон шавад.

XS
SM
MD
LG