Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нархи бушкаи нафт аз 110 доллар гузашт


Арзиши бушкаи нафти хом дирӯз дар бозори Ню-Йорк болиғ аз 110 доллар шуд. Ин алакай рӯзи шашум аст, ки арзиши нафт босуръат боло меравад. Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши қимати маводи сӯхт пеш аз ҳама вокуниши бозорҳои байналмилалӣ ба заъфи доллари амрикоист, ки қурбаш дар муқобили евро ба таври беист поён меравад.

Дар чунин ҳолат табиист, ки сармоядорон талош мекунанд сармояи худро ба маҳсулоте чун нафт, тило ва соъир анвоъи фулузоти қиматбаҳо, ки бо доллари амрикоӣ харидуфурӯш мешаванд, бигузоранд. Ин аст, ки бо вуҷуди афзоиши пешниҳоди нафт дар бозор қимати он ҳамвора боло меравад.

XS
SM
MD
LG