Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед мегӯяд, касе хостори ҷанг бо Эрон нест


Кохи Сафед мегӯяд, касе дар дохили ҳукумати Амрико хостори ҷанг бо Эрон нест. Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино гуфт, дар маъмурият касе нест, ки чизе бештар аз роҳҳои дипломатии ҳалли ин масъаларо пешниҳод кунад.

Ин баёнияи Кохи Сафед як рӯз баъд аз истеъфои адмирал Вилям Фаллон аз мақоми фармондеҳии ситоди марказии артиши Амрико садо медиҳад. Ӯ дар ин мақом фармондеҳии нирӯҳои Амрико дар 27 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла дар Ироқу Афғонистонро низ бар ӯҳда дошт.

Ҳафтаи гузашта маҷаллаи “Эсквайр” дар як матлаб навишт, ки адмирал Фаллон маъмурияти президент Ҷорҷ Бушро алайҳи ҷанг бо Эрон ҳушдор додааст. Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед ба далели ихтилофи назараш бо Буш тарки мақом кардани адмирал Фаллонро “ҳарфи пуч” номид ва гуфт, президент баҳси шадиду солимро хуш дорад.

XS
SM
MD
LG