Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳилманд 4 нафари ғайринизомӣ кушта шудаанд


Вазорати дифоъи Бритониё гуфт, бовар меравад, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар Афғонистон 4 нафари ғайринизомӣ, бо шумули 2 кӯдак кушта шудаанд. Сухангӯи ин вазорат гуфт, нирӯҳои Бритониё дар ин минтақа ҳадафи ҳамлаи ғафлатгиронаи ҷангиёни Толибон қарор гирифта, аз нирӯҳои ҳавоӣ кӯмак хостаанд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ин ҳодиса ва сабаби ҳалокати афроди ғайринизомӣ шурӯъ шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG