Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътироз бояд моҳи феврал, замони мутаваққифшавии фаъолияти Донишгоҳи аврупоии шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешуд. Ин донишгоҳ яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Русия ба ҳисоб мерафт. Аммо донишҷуён ва раҳбарони ин донишгоҳ дар посух ба иқдоми мақомот муборизаи худро идома додаанд, то донишгоҳи худро ҳифз кунанд. Донишҷуён ва устодон ҳоло ба бинои донишгоҳи худ ворид шуда наметавонанд, аммо онҳо аз тариқи Интернет форумҳо ва блогҳо муборизаи худро идома медиҳанд.

Владимир Гелман, устоди улуми сиёсӣ ва ҷомеашиносии ин донишгоҳ дар ин маврид чунин гуфта буд.

«Бале, барои мо ҳоло хеле мушкил аст, чунки фаъолияти муҷаввизи мо мутаваққиф шуда синфхонаҳо баста шудааст. Аммо донишгоҳ на танҳо як муҷаввизи дорои мӯҳр аст, на танҳо синфхонаву маркази кампютериву китобхона аст, балки донишгоҳ пеш аз ҳама як ҷомеаи илмӣ мебошад. Синфхонаҳоро бастан мумкин аст, аммо на ақли инсонҳоро"

Суханҳои оқои Гелман дар блог ё саҳифаи махсуси интернетии ӯ дастрас аст. Мардумшиноси маъруф профессор Иля Утехин низ дар интернет бо воситаи блоги худ мубориза мебарад. Вай гуфт, интернет майдони озод аст, тамоми шабакаҳои телевизионии Русияро давлат контрол мекунад ва онҳо ба ин мушкилот аҳамият намедиҳанд. Аммо Интернет ба як чизе табдил ёфтааст, ки ҷомеъаро дар гирди як масъала ҷамъ меорад.

Дар Русия рӯз то рӯз Интернет ва блогҳо дар миёни мардум маҳбубият ва густариш пайдо кардаанд. Оқои Утехин дар блоги худ мақолаҳо, аксҳо ва наворҳои видеоии зиёде гузоштааст, то донишгоҳи худро ҳифз кунад.



Чаро мақомот дарҳои Донишгоҳи аврупоиро барои донишҷуён ва устодон бастааст, то ҳол маълум нест. Аммо бархе аз коршиносон, устодон ва донишҷуён бар онанд, ки мақомоти шаҳри Санкт-Петербург мехоҳад бинои ин донишгоҳро ба дасти худ бигирад. Аммо бархе дигар аз коршиносон баста шудани донишгоҳро ба сиёсати имрузаи Русия рабт медиҳанд. Ин донишгоҳ бо Бритониё ва Амрико равобити наздик дорад. Ва коршиносон бар онанд ки донишгоҳ асири сиёсати Русия, Бритониё ва Амрико шудааст.

Бино ба иттилоъи ахир, 20 дар сади аҳолии Русия, яъне хар нафари панҷум ба Интернет дастрасӣ доранд. Русия аз ин лиҳоз дар қатори кишварҳои ақабмонда ҷой гирифтааст. Аммо бо вуҷуди ин, эътирозҳои ахир дар Интернет нишон медиҳад, ки ҳамакнун мардум доди худро тавассути интернет баён карда ин шабакаи ҷаҳониро ба майдони эътироз ва баҳси худ табдил кардаанд.

XS
SM
MD
LG