Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши аҳзоби Тоҷикистон ба гузориши Амрико


Вазорати корҳои хориҷаи ИМА гузориш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2007-умро нашр кард. Дар ин гузориш вазорати корҳои хориҷии Амрико Чинро аз феҳристи бадтарин кишварҳои ноқизи ҳуқуқи башар бардоштааст. Дар ин рӯйхат ба истиснои Чин қаблан Кореяи Шимолӣ, Бирма, Эрон, Зимбабве, Куба, Беларус, Эритрея қарор доштанд ва аммо имсол Сурия, Судон ва Узбакистон ба он илова шуданд.

14 саҳифаи гузориши Вазорати корҳои хориҷаи ИМА ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ин гузориш, аз ҷумла Тоҷикистон ҳамоно кишвари авторитарӣ ё худкома номида мешавад ва омадааст, ки ҳаёти сиёсиашро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва доираи маҳдуди тарафдоронаш идора мекунанд.

Аммо вокуниши аҳзоби ҷонибдор ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба ин гузориш яксон нест.

Ба эътиқоди масъулони бархе аз созмонҳои сиёсии Тоҷикистон махсусан ин нуктаи гузориш, ки Тоҷикистонро ба унвони як кишвари авторитарӣ ва худкома муаррифӣ ва дар пеш омадани чунин вазъ доираи маҳдуди наздик ба президент Раҳмонро, ки умури давлат дар ихтиёри онҳост бозгӯи воқеияти имрӯзаи кишвар будааст.

Раҷаби Мирзо – раиси созмони ҲД-и Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар шаҳри Душанбе мегуяд, дар бештари мавориде, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақз ва мақомоти масъул дар амри ислоҳи он даст ба иқдоме намезананд, пайомади сиёсати авторитарӣ ва худкома дар кишвар аст. Ба эътиқоди оқои Мирзо, давлати Тоҷикистон бо эҷоди мухолифтаҳои маснӯъӣ миёни бархе аз аҳзоби сиёсӣ талош меварзад, ки ҳузури ҳизбҳои умдатан мухолифро дар саҳна камранг ва ширкати онҳоро дар ҳаёти ҷомае маҳдуд созанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки сарвариашро Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар бар ӯҳда дорад, ин нуктаи гузориши вазорати хориҷаи Амрикоро якҷониба ва дур аз воқеият арзёбӣ кард. Давлаталӣ Давлатов, муовини раиси ин ҳизб гуфт:

«Аслан аз нигоҳи вазорати хориҷии як давлат ба низоми сиёсии давлати дигар чунин баҳо додан аз рӯйи одобу этикаи сиёсӣ нест, бахусус вақте низоми сиёсии як кишварро авторитарӣ номгузорӣ мекунанд, ба он баҳои сиёсӣ медиҳанд. Инро мо ба вазорати хориҷаи Амрико ҳавола мекунем, аммо сиёсати имрӯзаи раҳбари имрӯзаи Тоҷикистонро халқи Тоҷикистон писандидааст, онро эътироф мекунад ва онро мо ҳамчун низоми сиёсии демократӣ муаррифӣ карда метавонем, ки имрӯз дар Тоҷикистон мавқеи мустаҳками худро дорад»

Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико заъфи гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, кундии равандҳои демократӣ, азобу шиканҷаи боздоштшудагон аз сӯйи хадамоти амниятӣ ва адами дастрасии онҳо ба мулоқот бо наздикону вакилони дифоъ, беадолатии додгоҳӣ, вазъи тоқатфарсои зиндону боздоштгоҳҳо, маҳдудияти озодии сухан ва виҷдон, фишор ба матбуот, зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ, фишор сари созмонҳои ғайриҳукуматӣ, нақзи ҳуқуқи зан, қочоқи инсон ва истифодаи нерӯи кории наврасон аз мушкилоти умдатарини вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, он чӣ дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико омадааст, чизи нав нест:

«Шояд аз он хотир ки дар ҷомиаи Тоҷикистон тайи як сол тағйироте дар беҳбуди вазъи озодиҳои инсон ба назар нарасид».

Оқои Кабирӣ афзуд, ҳизбаш ба далели адами шаффофият аз ширкат интихоботи миёндавраии соли гузашта худдорӣ кард ва дар ҳоли идома ёфтани ин вазъ дар оянда низ сари ширкаташ дар интихоботҳо андеша хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, ба таври умум ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 2007 рушд дошт. Вай афзуд, дар як кишваре, ки дар ҳоли гузариш қарор дорад ва аксари мардумаш дар фақр ба сар мебаранд, озодиҳои башарӣ бидуни шак ба душвориҳои гузаранда рӯбарӯ мешаванд. Вай афзуд, стратегияе, ки Тоҷикистон пеш гирифтааст, дуруст аст ва ба таври кулл дар рушди ҷомиаи шаҳрвандӣ пешравиҳо ба назар мехӯранд.

Коршиносон мегӯянд, бо он вуҷуд ки гузориши вазорати хориҷаи Амрико бозгӯйи аз вазъи воқеии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мекунад, ба тасмимҳои ҳукумати Тоҷикистон дар беҳбуди вазъ кора наҳоҳад кард, зеро дар кишвар барномаи амалии кардани ҳамчунин сиёсат вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG