Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумон қонуни бимаи тиббиро қабул кард


Ҳадаф аз таҳия ва тасвиби ин қонун беҳбуд бахшидан ба вазъи хидмати тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он унвон шудааст.

Қонуни мазкур ба гуфтаи муаллифони он, дар чаҳорчуби барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон таҳия ва тасвиб шудааст. То ҳоли ҳозир, дар Тоҷикистон бимаи тиббӣ таҷриба нашуда буд. Акнун тибқи ин қонун ҳамаи атбоъи кишвар бояд ба суғуртаи тиббӣ фаро гирифта шаванд.

Тибқи қонуни мазкур ҳамаи атбъои Тоҷикистон таҳти як шароит ва ба сурати ҳатмӣ бимаи тиббӣ хоҳанд шуд. Маблағи бимаи бархе аз гуруҳҳои иҷтимоӣ назири маъюбон, ширкаткунандагони ҷанг, мактабиён ва донишҷуёне, ки то 23 сол син доранд, бар асоси ин қонун аз ҷониби давлат пардохт хоҳад шуд.

Аммо қонуни мазкур танҳо баъди ду сол, яъне сар аз моҳи марти соли 2010 мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Тибқи ин қонун аслан корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияташон ҳаққи бимаи кормандонашонро пардохт хоҳанд кард.

Аммо бархе аз вакилон мегуянд, ҳаққи қишре аз шаҳрвандони кишвар, ки умдатан дар хориҷ аз Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд, дар ин қонун дуруст ба назар гирифта ншудааст.

Аммо мақомоти Вазорати беҳдоштии Тоҷикистон, мегуянд, қонун мазкур ба такмил ниёз дорад, ва аз хотир аст, ки муҳлати иҷрои он то ду соли оянда пешбинӣ шудааст. Ва дар ин муддат он метавонад ислоҳ шавад. Ва ҳукумат метавонад бархе масоил, назири масъалаи бимаи муҳоҷиронро тибқи қарори худ ба танзим дарорад.

Аммо бархе вакилонро навҳаи иҷрои ин қонун ва истифодаи воситаҳои бунёди бимаи тиббӣ, ки қарор аст таъсис шавад, низ нигарон кардааст. Ба гуфтаи бархе вакилон, таҷрибаи кишварҳои дигари шуравии собиқ ҳокӣ аз суйистифода шудани малбағҳои бунёди бимаи тиббӣ будааст. Ва ҳукумати Тоҷикистон ду сол фурсат дорад, ки механизми муассиртари истифодаи ин воситаҳоро муаян кунад.

Хидмати тиббӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон ройгон ироа мешавад. Бо вуҷуде, ки дар соли гузашта хидмати пулакии пизишкӣ ҷорӣ шуд, аммо баъди эътирозҳо иҷрои қарори ҳукумат дар мавриди хидмати пизишкии пулакӣ мутаваққиф шуд.

XS
SM
MD
LG