Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як инфиҷор дар Қандаҳор


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар канори корвони мошинҳои НАТО дар шаҳри Қандаҳор дасти кам як сокини маҳаллӣ кушта ва ду низомии канадагӣ маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамлаи маргталабона тақрибан як километр дуртар аз пойгоҳи эҳёи минтақа рух дод, ки он ҷо низомиён аз Канада мустақаранд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин ҳодиса чанд мошини сокинони маҳаллӣ осеб диданд.

XS
SM
MD
LG