Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши эътирози мухолифини Гурҷистон


Фаъолони аҳзоби мухолифи ҳукумати Гурҷистон эълом доштанд, ки амалҳои эътирозиро густариш медиҳанд. Ираклий Мелашвилӣ, яке аз ширкаткунандагони гуруснанишинӣ дар канори бинои порлумон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе фаъолони мухолифин дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла, Батумӣ ва Кутаисӣ низ ба гуруснанишинҳо ҳамроҳ мешаванд. Айни ҳол дар Тифлис 40 нафар бо талаби шумориши такрории раӣъҳо дар интихоботи президентии рӯзи 5 январ даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Аҳзоби мухолифи ҳукумат берун шудани Гурҷистон аз ҳайати Ҷомеъаи кишварҳои Муштаракулманофеъ ва ихроҷи неруҳои посдори сулҳи Русия аз Абхазистонро низ талаб доранд.

XS
SM
MD
LG