Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масоъили олудагии ҳавои Пекин ва Олимпиада


Варзишгоҳи миллии Чин дар Пекин дар ҳоли омодагирӣ ба Олимпиада-2008

Варзишгоҳи миллии Чин дар Пекин дар ҳоли омодагирӣ ба Олимпиада-2008

Дар ҳоле, ки то оғози бозиҳои Олимпии соли 2008 дар Пекин чанд моҳи дигар вақт мондааст, ба олудагии доимии ҳавои пойтахти Чин таваҷҷуҳ бетар мешавад.

Варзишгарони хориҷӣ, ки дар мусобиқоти олимпӣ ширкат хоҳанд кард, аз имкони хатароти беҳдоштӣ дар чунин шароит огаҳанд. Дар ҳоле ки Чин мехоҳад бо истифода аз бозиҳои олимпӣ худро дар саросари ҷаҳон таблиғ кунад, вале олудагии ҳаво ва душвориҳои марбут ба он эътибори мусобиқоти олимпиро коҳиш медиҳад.
Яке аз маҳрумиятҳои асосие, ки аз ҳоло ин мусобиқоти олимпӣ ба он рӯбарӯшудааст, аз ширкат даст кашидани Ҳайле Гебрселассӣ, рекордсмени ҷаҳон дар марафон, мебошад. Ин варзишгари Эфиопӣ дар Аддис Абобо 10-уми март изҳор дошт, ки дар дави олимпии соли 2008 ширкат намекунад, зеро он мумкин аст ба саломатиаш зарар расонад. Вай аз бемории диққи нафас ранҷ мебарад ва иддаъомекунад, ки давидан ба масофаи 42 километр дар шароити олудагии ҳаво барояш душвор аст.
Вале, дар ҳамин ҳол, ин варзишгар ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар масофаи камтаре дар дав ширкат мекунад, агар соҳиби роҳхат гардад. Мутазаккир мешавем, ки то ҳол ин варзишгари эфиопӣ дар ду олимпиада барои давидан ба масофаи 10 ҳазор метр ду медали тило ба даст овардааст. Гебреселассӣ танҳо варзишгаре нест, ки аз олудагии ҳаво дар Пекин нигаронанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳудуди 10 000 варзишгар дар мусобиқоти Пекин ширкат меҷӯянд. Аксари дастаҳои варзишӣ барои муқовемат ба ҳавои Пекин аз ҳоло тадбирҳо андешидаанд. Он гуна, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тазаккур медиҳад, феълан олудагии ҳавои Пекин аз меъёри маъмулӣ 12 баробар бештар мебошад. Бо назардошти чунин шароит бештар аз 20 кишвар варзишгарони худро дар берун аз Чин, масалан дар Жопун ё Куриёи ҷанубӣ, ҷой додаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар рӯзи мусобиқа бо хӯрданиҳо ва оби худ ба Чин парвоз хоҳанд кард. Масалан, дастаи Амрико хурданӣ ва обро бо худ мегирад, зеро солҳои ахир моҷароҳое дар робита бо ширкатҳои ғазоии Чин пеш омада буд. Рузномаи "Вошингтон Пост" менависад, моҳи ноябри соли гузашта дастаи муштзанони Амрико ба Пекин сафар карда буд. Франк Филиберто-пизишки ин даста мегуяд, варзишгарон тибқи маъмул субҳ давидаанд. Онҳо аз ин дав бо чашмони сурхшуда ва бо сулфаву тангии нафас баргаштаанд. Баъзеашон натавонистанд дар мусобиқот ширкат кунанд.
Вале шаҳрдории Пекин мегӯяд, барои поксозии муҳити ин шаҳр 16 милёрд дуллор сарф кардааст ва ҳатто баъзе корхонаҳои санъатиро ба ҷои дигар кӯч дода, ҳаракати нақлиётро маҳдуд сохтааст.
Вале коршиносон бар инанд, ки корҳои бештаре бояд дар ин робита анҷом бигирад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG