Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашрияҳои байнулмилалӣ дар шумораҳои тозаи худ бештар аз қазияи Сербистону Косово ва интихоботҳои муқаддамотии Амрико суҳбат мекунанд.

«The New-York Times» дар мавриди мушкилбаён будани насаби раисҷумҳури нави Русия Дмитрий Медведев навишта, таъкид мекунад, ки барои амрикоиҳо талаффузи дурусти насаби вориси Путин бисёр сахт аст. Ба навиштаи ин рӯзнома, акнун расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои махсуси интернетӣ ҳар яке транскрипсияҳои савтии насаби пешвои нави Русияро, монанд ба «mehd-V(y)EHD-yehf» нашр карда ва бо истинод ба хулосаҳои забоншиносони амрикоӣ, иқрор мекунанд, ки забони сокинони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои талаффузи ин ном «намегардад». Ин сомонаҳо иддаъо мекунанд, ки ҳатто сиёсатмадорони варзидаи Амрико низ дар баёни исму насаби президенти Русия мушкил доштаанд. Ғояи навиштани ҳамин матлаб дар муаллифи «TheNew-YorkTimes» баъд аз он пайдо шуд, ки Ҳилларӣ Клинтон, довталаби номзадӣ ба курсии раёсатҷумҳурии Амрико, дар як мусоҳибаи телевизионияш натавонист исми Медведевро талаффуз кунад. Вай тақрибан ҳамин гуна ҷавоб дод: «Мед... вей... дева... хайр фарқаш чӣ?!». Ва чунин тарзи баёни беэҳтироми хонуми Клинтон нуфузи ӯро дар Амрико поин набурд, чун, ба эътиқоди нашрия, аксари кулли сокинони ин кишвар худ низ наметавонанд насаби Медведевро дуруст талаффуз намоянд.
Нашрияи итолиёии «La Stampa» менависад, ки тибқи дастури нави маъмурони пулиси Ҳуланд, минбаъд машғул шудан ба алоқаи ҷинсӣ дар боғҳои фарҳангу фароғати ин кишвар иҷозат дода мешавад, канори ҳам рафтани дилдодагон ва ҳатто робитаи ҷинсӣ дар боғҳои ҳуландӣ дигар ҷиноят дониста намешавад, агар он баъд аз шом ва бидуни халал ба атрофиёну аз чашми кӯдакон дур сурат бигирад.
Рӯзномаи олмонии «Dietageszeitung» дар матлабе навиштааст, ки мақомоти Русия ақаллиятҳои миллии кишвар, бахусус лӯлиҳои русро, таҳти хушунат қарор медиҳанд. Ин ҳам дар ҳоле будааст, ки, бар тибқи иттилоъи маркази зиддихушунати мавсум ба «Мемориал», бархӯрди мақомоти Волгоград ба лӯлиҳои рус афзун шуда, ҳодисаҳои боздошту нигаҳдории тӯлонӣ ва беасоси онҳо дар идораҳои милиса ва тазйиқу фишор ҳарчи бештар мушоҳада мешавад. Бар асари хушунатҳои афзоянда, менависад ин нашрия, ҳарчанд наздик ба 100 хонаводаи лӯлиҳо вилояти Волгоградро тарк гуфта ва ба манотиқи шимоли Русия кӯч бастаанд, аммо боз ҳам онҷо низ зиндагии орому осоишта наёфтанд ва ба маркази Русия истирдод шуданд. «Мемориал» ба нашрияи «Dietageszeitung» гуфтааст, тибқи омори расмӣ, феълан 182 000 лӯлӣ дар қаламрави Русия ба сар мебаранд. Ин нашрия мутазаккир шудааст, ки лӯлиҳо то ҳанӯз бо шиносномаҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ зиндагӣ доранд, чунки мақомоти феълии Русия аз додани шиносномаҳои нави шаҳрвандии ин кишвар ба онҳо худдорӣ мекунанд.
Нашрияи бритониёии «Daily Telegraph» аз тасмимоти нави олимон, ки мехоҳанд дар рӯи моҳ киштӣ ё хазинаи маълумоти марбут ба ДНК ва ҳар ончи барои тамаддуну зиндагӣ лозим аст, бисозанд. Рӯзнома аз қавли олимони соҳа навиштааст, ки хазинаи комили маълумот дар моҳ то соли 2035 мураттаб хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG