Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама дар Миссиссипи пирӯз шуд


Дар райъгирии муқаддамотӣ ба манзури интихоби номзади ниҳоии ҳизби демократ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар аёлати Миссиссипи Барак Обама баранда шудааст. Ин пирӯзӣ бартарии Барак Обама бар рақибаш Ҳиллари Клинтонро тақвият медиҳад.

Миссиссипи ба анҷумани ҳизби демократ ҳамагӣ 33 вакил мефиристпад. Набарди навбатии ду довталаб моҳи апрел дар аёлати муҳими Пенсилвания сурат хоҳад гирифт.

Ин дар ҳолест, ки сабқати довталабон дар ҳизби ҷумҳурихоҳ алакай ба пойин расида, сенатор Ҷон МакКейн номзади ниҳоии ин ҳизб муайян шудааст.

XS
SM
MD
LG