Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши солонаи ВХ Амрико нашр шуд


Вазорати хориҷаи Амрико шоми сешанбе гузориши солонааш дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои ҷаҳон дар соли 2007-ро нашр кард, ки як идда аз кишварҳоро ба далели нақзи ҳуқуқи башар интиқод мекунад.
Ин гузориш мегӯяд, Русия дар соли гузашта яке аз поймолкунандаҳои аслии ҳуқуқи башар боқӣ мондааст. Ин гузориш Чинро аз феҳрасти бадтарин поймолкунандагони ҳуқуқи башар хориҷ карда, вале афзудааст, вазъи ҳуқуқи инсон дар Чин ҳамоно бад барҷой мондааст.

Вазири хориҷаи Амрико Кондолиза Райс ба ҳангоми муаррифии ин гузориш гуфт, албатта, барои ин фурсат лозим ҳаст, вале дер ё зуд таҳаввулоти мусбате дар масъалаи ҳуқуқи башар ба амал хоҳад омад.

Гузориши вазорати хориҷаи Амрико кишварҳое, чун Афғонистон, Покистон, Эрон, Куриёи Шимолӣ ва аксари кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчунон дар феҳрасти поймолкунандагони аслии ҳуқуқи инсон боқӣ гузоштааст.

Гузориши солонаи вазорати хориҷаи Амрико вазъи ҳуқуқи башар дар тақрибан 190 кишвари ҷаҳон дар соли гузаштаи 2007-умро таҳти пажӯҳиш қарор дода, дар намунаи Русия мегӯяд, мушкили ҳуқуқи башарро дар кишварҳое, ки қудрат дар дастони алоҳида тамаркуз шудааст, ба як мушкили доимӣ табдил медиҳад.



XS
SM
MD
LG