Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Адмирал Фаллон истеъфо дод


Адмирал Вилям Фаллон, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, ки фармондеҳии нирӯҳои он кишвар дар Ироқу Афғонистонро низ бар ӯҳда дорад, аризаи истеъфо навиштааст. Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс гуфт, адмирал Фаллон дирӯз истеъфо хост ва ӯ хоҳиши адмиралро пазируфт.

Ҳафтаи гузашта дар маҷаллаи амрикоии “Эсквайр” матлабе нашр шуд, ки адмирал Вилям Фаллонро ҳамчун мухолифи сиёсати раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш дар қиболи Эрон ба қалам медод. Аммо Роберт Гейтс хабарҳо дар мавриди вуҷуди ихтилофи назари адмирал Фаллон бо маъмурияти Ҷорҷ Буш дар масъалаи Эронро “як сӯъитафоҳум” номид, вале гуфт, ба дурустии тасмими адмирал бовар дорад.
Роберт Гейтс гуфт: “Ӯ ба ман гуфт, иқтибос, “Вазъи ноҳинҷори пешомада, сарусадо дар ҷомиа дар бораи ихтилофи назари ман бо сиёсати маъмурият ва сардаргумие, ки моро аз хатти маш дур меандозад, маро маҷбур ба ин иқдом мекунад.” Ман дархости истеъфои адмирал Фаллонро бидуни майл ва бо таассуф қабул кардам.”

Вилям Фаллон аз моҳи марти соли 2007 фармондеҳии ситоди марказии нирӯҳои артиши Амрикоро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG