Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор сол баъди таркишҳои террористии Мадрид


Имрӯз дар Испания маросими ёдбуд аз таркишҳои қаторҳои Мадрид, ки чаҳор соли пеш мунҷар ба марги 191 нафар ва ҷароҳати 1800 тани дигар шудааст, баргузор шуд. Маросими аслӣ дар беруни истгоҳи Атоҳа, маҳалли таркиши қаторҳои мусофирбар дар рӯзи 11 марти соли 2004 ҷараён гирифт. Дар ин чорабинӣ, ки ду рӯз баъди интихоботи парлумонии кишвар ҷараён мегирад, хонаводаи шоҳӣ ва нахуствазир Ҳосе Луи Родригес Запатеро ширкат карданд. Нахуствазири сотсиалист Запатеро бори аввал се рӯз баъди ҳодисаҳои бомбгузории Мадрид сари қудрат омад, вақте раъйдиҳандагон зидди ҳукумати муҳофизакор овоз дода, дар ҳамлаҳои мазкур ҷудоихоҳони Баскро айбдор карданд. Яке аз ширкатдорони маросим зане буд, ки шавҳари худро дар ин ҳодиса аз даст дод. Хонум Сандра Монтсеррат гуфт, ки фаромӯш кардани ин фоҷеа барои азизони қурбониҳо ғайриимкон аст:

"Барои онҳое, ки бо ин фоҷеа ҳамзистӣ накардаанд, ҳама чиз тамом шуд, аммо барои онҳое, ки бо он зиндагӣ мекунанд, ҳар рӯз ин дардро дар дил доранд, дигар хел аст. Хеле сахт аст, хеле сахт".

Соли гузашта дар истгоҳи Атоҳа як лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд, ки дар он исми кулли қурбониҳои ҳаводиси террористӣ навишта шудааст.
XS
SM
MD
LG