Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи муқаддамотии Миссисипӣ шурӯъ шуд


Дар аёлати Миссисипии Амрико интихоботи муқаддамотии раёсатҷумҳурӣ барои номзадҳои ҳизби демократ - Ҳиллари Клинтон ва Барак Обама оғоз шуд. Раъйдиҳӣ то соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад кард. Дар айни замон, ҳарду номзад дар мавқеи наздик ба ҳам қарор доранд, танҳо Обама бо чандсад раъйи пуштибон пешгомтар аст. Муборизаи феълӣ барои дастёбӣ ба унвони номзади ягонаи ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад, ки исми ӯро бояд тобистон дар иҷлосияи ҳизбӣ муайян кунанд. Дар ҷабҳаи ҷумҳурихоҳҳо муборизаҳо ба анҷом расида, Ҷон Маккейн амалан чун номзади ягонаи ин ҳизб муаррифӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG