Пайвандҳои дастрасӣ

Барандагони нави Ҷоизаи Лоҳутӣ (Видео)


Кумиссиюни вижаи ҷоизаи Лоҳутӣ беҳтарин дастовардҳои рӯзноманигории Тоҷикистон барои соли 2007-ро муайян кард.

Маросими супоридани ҷоизаҳо дар толори театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе дар рӯзи ҷашни матбуоти тоҷик баргузор шуд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, имсол аз рӯйи се жанри журналистика барандагони ҷоиза муайян гаштанд:

- Гулнора Амиршоева, сардабири ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» барои силсиламақола, бахши муҳаррир,

- Аъзамҷон Азимов, номзади илми таърих, барои таҳқиқи рӯзноманигории солҳои 30-и асри 20 дар Тоҷикистон,

- Садриддин Ҳасанзода, мудири барномаи «Субҳ» шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон барои силсилафилмҳои «Оинаи миллат», «Фарас», «Ҷилои шамшер», саҳнаи телевизионии «Ду кафани героин».



Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ аз соли 1977 ба ин сӯ барои дастовардҳои рӯзноманигории Тоҷикистон тахсис ёфтааст ва дар ҳоли ҳозир беш аз сад рӯзноманигори тоҷик барандаи он шудаанд. Маблағи ҷоиза 1000 сомонӣ муодили ҳудуди 300 доллари амрикоист.

Дар даврони Шӯравӣ ҷоизаи Лоҳутӣ 5 май дар рӯзи ҷашни матбуоти Шӯравӣ супорида мешуд. Соли 1995 11 март рӯзи нашри аввалин шумораи нашрияи тоҷикии Бухорои Шариф дар соли 1912 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон рӯзи матбуоти тоҷик эълом шуд ва маросими супоридани ҷоизаи Лоҳутӣ низ ҳамасола дар ин рӯз сурат мегирад.

Бархе аз рӯзноманигорони Тоҷикистон бар он назаранд, ки ҷоизаи Лоҳутӣ на ҳамеша ба соҳиби аслии хеш мерасад. Қироншоҳ Шарифзода, сардабири нашрияи «Ҷомиа» мегӯяд, ҷоиза бояд барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дода шавад ва маҳалбозиву шиносбозӣ ва равобити шахсӣ набояд дар муайян кардани барандагон таъсир расонанд.

Дар рӯзи ҷашни матбуоти тоҷик ҳамчунин як қатор рӯзноманигорон бо ҷоиза ва ифтихорномаҳои вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сафорати Русия дар Тоҷикистон, ширкати Барқи тоҷик ва Оҷонси Тоҷикстандарт низ сарфароз гардиданд.

XS
SM
MD
LG