Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози додгоҳи се генерали хорват дар Гаага


Имрӯз дар додгоҳи ҷиноёти ҷангии СММ дар Гаага муҳокимаи генерали собиқи Хорватия Анте Готовина шурӯъ шуд. Готовина барои куштор ва бадрафторӣ нисбати сербҳои минтақаи Краинаи Хорватия дар соли 1995 муттаҳам мешавад. Дар курсии айбдоршавандаҳо инчунин ду генерали дигари собиқи хорват - Иван Чермак ва Младен Маркач қарор доранд. Дар нутқи ифтитоҳии худ додситони додгоҳи ҷиноёти байналмиаллии СММ Алан Тигер гуфт:

"Додгоҳи мазкур бо сабаби маҳви иҷбории сербҳои Краина дар Хорватия ва харобсозии ҷамъияти сербҳо дар августи соли 1995, нақш ва масъулияти доштаи ин се мард - генералҳои артиши Хорвания дар ин ҷараёнҳо баргузор мешавад".

Додгоҳ мегӯяд, ки ин се нафар дар раҳбарӣ ва куштори дасти кам 150 серб даст дошта, инчунин, зимни анҷоми амалиёте бо исми рамзии "Тӯфон" ҳазорҳо сербҳоро аз маҳалҳои зисташон хориҷ кардаанд. Иддао мешавад, ки ин заминҳоро соли 1991 шӯришиёни серб ғасб карда буданд. Ҳар се муттаҳам ба бегуноҳии худ пофишорӣ доранд. Аммо дар сурати исботшавии гуноҳҳояшон, онҳо метавонанд ба ҳукми абад маҳкум шаванд.
XS
SM
MD
LG