Пайвандҳои дастрасӣ

"Газпром" нархи гази Осиёи Марказиро боло мебарад


Ширкати "Газпром" гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ розӣ шуданд, ки гази худро дар соли 2009 бо қиматҳои аврупойӣ ба фурӯш гузоранд. Дар изҳороти ин ширкат гуфта мешавад, ки чунин тавофуқ дар Маскав дар пайи як музокира бо мақомоти зидахли Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ҳосил шудааст. То ҳол ин ҷумҳуриҳо газро бо нархи камтар аз нишондодҳои аврупоиву ғарбӣ мефурӯхтанд. Изҳороти имрӯза маънои онро дорад, ки ҳамакнун қимати газ барои масрафкунандаҳояш дар давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, ки тавассути Русия онро дастрас мекунанд, боло бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG