Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олӣ: Ҳизб-ут-Таҳрир - созмони экстремистӣ


Додгоҳи олии Тоҷикистон созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрирро бо дархости додситони кулли кишвар ба феҳрасти ташаккулҳои экстремистӣ ворид карда, саҳифаи интернетии ин созмонро ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ кард. Аз соли 2001 инҷониб, тибқи як қарори додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизб-ут-Таҳрир шомили гурӯҳҳои мамнӯъи ғайриқонунӣ шуда то ҳол беш аз 400 нафар бо иттиҳоми узвият ва ё тарафдорӣ аз ақоиди ин созмон маҳкум ба зиндон шуданд. Мақомоти Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Ҳизб-ут-Таҳрир, фаъолияти Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, "Байъат" ва чанд дигар созмонро дар қаламрави худ мамнӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG