Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров ба Ховари Миёна сафар хоҳад кард


Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров ҳафтаи оянда ба Ховари Миёна сафар мекунад, то ки заминаҳои ташкили як нишасти минтақайиро дар Маскав муҳаё созад. Вазорати хориҷа гуфт, ки Лавров дар ин сафар, ки дар таърихи 19-21 март баргузор мешавад, аз Сурия, Исроил ва манотиқи фаластинӣ дидан хоҳад кард. Дар изҳороти мазкур гуфта мешавад, ки баъди ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои Навори Ғазза, ки таҳти контроли Ҳамос қарор дорад, вазъ дар минтақа боз ҳам бадтар мешавад. Инчунин ҳафтаи оянда сафари муовини раиси ҷумҳурии Амрико Дик Чейнӣ ба минтақа дар назар гирифта шудааст, ки гуфтааст, аз Арабистони Саъудӣ, Исроил, Каронаи Ғарбӣ, Туркия ва Аммон дидан мекунад.
XS
SM
MD
LG