Пайвандҳои дастрасӣ

25 қурбонии таркишҳои Лоҳур


Полиси Покистон гуфт, ки дар пайи ду таркиш дар шаҳри шарқии Лоҳур, дасти кам 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Раиси полиси федеролӣ Чодурӣ Манзур Аҳмад гуфт, ки ҳамлаи мазкур қисмате аз сохтмони ҳашттабқаи Оҷонсии таҳқиқоти федеролиро хароб карда 21 нафарро кушта бар ҷой гузошт. Муфаттиш Бобур Бахти Қурайшӣ гуфт, ки таркиши мазкур эҳтимолан кори дасти маргталабе будааст. Ба иттилои вай, таркиши дуюм сохтмони як оҷонси таблиғотиро дар як маҳаллаи сарватмандони маҳаллӣ ҳадаф қарор дода чаҳор нафарро кушта ба ҷо гузоштааст. Дар як изҳороте раиси ҷумҳурӣ Парвиз Мушарраф ҳамлаҳои "ваҳшиёнаи" мазкурро маҳкум карда гуфтааст, ки ин таркишҳо ба ҳеҷ сурат наметавонад пеши роҳи муборизаи зиддитеррорро бигирад. Ҳафтаи гузашта таркиши интиҳории ду маргталаб дар колеҷи баҳрии Лоҳур дасти кам 5 нафарро кушта ва 19 тани дигарро маҷрӯҳ кард.
XS
SM
MD
LG